Соли 2022 ба муҳоҷирон дар Русия IT-корти номаҳдуд дода мешавад: шартҳо

Аз соли оянда Русия корти муҳоҷирати бемаҳдудро ҷорӣ мекунад, ки гузарномаҳои коргаронро иваз менамояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Аз оғози соли 2022 корти IT-и муҳоҷири корӣ ҷойи шиносномаҳои коргарони муҳоҷир дар Русияро иваз карда, ба унвони ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳувият истифода хоҳад шуд, менависад "Российская газета".
Вадим Коженов, раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия сабаби чунин тағйир дар сиёсати муҳоҷирати ин кишварро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ислоҳоти қонун барои ҳузури муҳоҷирон дар Федератсияи Русия дар ҳоли анҷомёбист ва то нимаи соли 2022 тарҳи нав ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳад шуд.

"То охири сол бо қабули қонун мо барои муҳоҷир IT-корти рақамиро ҷорӣ мекунем", - мегӯяд Коженов.

Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия афзуд, ки корти нави IT дар саросари Русия барои 10 сол эътибор хоҳад дошт.
Илова бар ин Коженов гуфтааст, ки тибқи лоиҳа, пас аз 10 сол корти IT-и муҳоҷир бидуни маҳдудият мешавад, ба шарте ки соҳибаш ягон қонуншиканӣ накарда бошад.
Муҳоҷирон дар Русия чӣ қадар маош мегиранд: натиҷаи назарпурсӣ
Ӯ ҳамчунин эълон кард, ҳоло дар кишвар феҳристи электронии корфармоён ва муҳоҷирон омода мешавад. Онҳо бояд ҷалби "рақамӣ"-и хориҷиёнро ба кор танзим кунанд.
Қобили зикр аст,тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли 2021 шумораи хориҷиёне, ки дар он сабти ном шудаанд, ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Агар дар соли 2020 коргарони муҳоҷир беш аз 8,3 миллион нафар буданд, пас дар соли 2021 теъдоди онҳо ба 10,6 миллион нафар расид.