ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Кишварҳое, ки русиягиҳо аз ҳама зиёд барои зимистонгузаронӣ мераванд, Озарбойҷон, Арманистон, Таиланд, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд. Дар ин бора дар таҳқиқоти "Яндекс.Сайёҳат" гуфта шудааст, ки онро ТАСС ва Лента.ру бознашр кардааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳои вуруд боиси тағйирот дар масири сафари сайёҳон шудаанд. Ветнам ва ва Индонезия ҷойи Сербия ва Шри-Ланкаро дар сархати кишварҳои маъруф танг кардаанд.
Таваҷҷуҳ ба Таниланд дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 3,5 баробар афзоиш ёфтааст. Кишвари нисбатан серталаб миёни сайёҳон Арманистон ном бурда шудааст. Далели ин ҳолат сабукиҳои вуруд ба ин кишвар гуфта шудаанд.
Таҳлилгарон аз афзоиши талабот ба сафарҳои тӯлонӣ дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта гуфтанд. Дар соли 2021 теъдоди сайёҳон 20 дарсад афзоиш ёфтааст, ки бо вуҷуд ҳам дар муқоиса бо нишондоди то пендемия ҳудуди 60 дарсад кам мебошад.
Ба ҳисоби миёна русиягиҳо дар таътили зимистона ният доранд, ки панҷ ҳафта гузаронанд. Тӯлонитаринҳояшон беш аз се моҳ давом хоҳанд ёфт.
Аз ҷумлаи самтҳои гаронтаринро русиягиҳо Таиланд - 58 ҳазор рубл ва ИМА - 49 ҳазор рубл аз ҳарду тарафро ном бурдаанд. Чиптаҳои нисбатан арзонро метавон дар масири Арманистон - 16 ҳазор ва Туркия 15,5 ҳазор рубл ба даст овард.