ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар Хуҷанд нархи гази моеъ ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст, менависад "Sugdnews".
Ҳоло дар маркази маъмурии вилояти Суғд гази моеъ бо қимати 7,20-7,30 сомонӣ (0,63-0,64 доллар) ба фурӯш меравад, дар ҳоле ки як ҳафта қабл ин сӯзишворӣ 7 то 7,10 сомонӣ (0,60-0,62 доллар) арзиш дошт.
Фурӯшандаҳо таъкид мекунанд, ки тағйирёбии қимати маводи сӯхт ва рӯғанҳои молиданӣ ба тағйири қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт дорад.
Бензини навъи АИ-92 дар вилояти Суғд 10,80 сомонӣ (0,95 доллар) ва сӯзишвории дизелӣ 11,00 сомонӣ (0,97 доллар) арзиш дорад.
Чанд рӯз пеш арзиши ин навъ бензин ҳудуди 10,90 сомонӣ (0,96 доллар) ва дизел 11,00 сомонӣ (0,97 доллар) буд.
Ёдовар мешавем, агар қаблан нархи гази моеъ дар ибтидо ва анҷоми корҳои кишоварзӣ боло мерафт, имсол чунин нашуд.
Соли ҷорӣ барои нахустин бор дар Тоҷикистон афзоиши рекордии қимати гази моеъ - 9 сомонӣ (0,79 доллар) барои як литр сабт шуд.
Тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 60 дарсади тамоми мошинҳо аз гази моеъ ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд.
Аз ин рӯ боло рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ ба қимати ҳамлу нақли мусофирон таъсир расонд. Ҳамин тариқ, нархи роҳкиро дар вилояти Суғд аз 25 то 50% боло рафт.