ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки бар асоси ин нишондод, пули миллӣ каме тақвият ёфтааст.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 0.1528 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзе қабл дар кишвар барои 1000 рубл 0.1527 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ каме боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7788 сомонӣ қимат дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медод. Як рӯз пеш як евро 12.7409 сомонӣ арзиш дошт.
Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон каме устуворияшро аз даст додааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2947 сомонӣ аст. Рӯзи пеш арзиши ин асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон 11.2951 сомонӣ буд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2947 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7788 то 12.9600 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1528то 0.1550 сомонӣ..
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.