ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қарор дар бораи дода иҷозанома ба ширкати “Крестон АС” аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 декабри соли равон ба имзо расидааст.
“Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Крестон АС” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод”, таъкид доштааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи қаблии ҶДММ “Крестон АС”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, ки соли 2017 дода шуда буд, аз эътибор соқит дониста мешавад.
Раёсати Бонк департаменти назорати бонкиро уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдор ворид намоянд.