Баррасии масоили муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Тоҷикистону Қатар

Тоҷикистону Қатар масоили бозори кор, касбомӯзӣ, равандҳои асосии муҳоҷирати корӣ дар бозори байналмилалии меҳнат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кориро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар мулоқот бо сафири Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим бин Муҳаммад Ал-Абдуллоҳ масоили марбут ба татбиқи созишномаи амалкунанда дар ҷиҳати ҷалби қувваи кории Тоҷикистон ба Қатар ва вазъи бозори меҳнатро баррасӣ кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла масоили марбут ба татбиқи созишномаи амалкунанда дар ҷалби қувваи кории Тоҷикистон ба Давлати Қатар, инчунин масъалаҳои марбут ба соҳаҳои меҳнат, аз ҷумла роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои минбаъда дар самти муҳоҷират ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Тарафҳо ба муҳимияти масъалаҳои бозори меҳнат, касбомӯзӣ, равандҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ дар бозори байналмилалии кор, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ ва раванди демографӣ будани муҳоҷират таъкид намуда, ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳо таъкид намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар соҳаи гардишгарӣ
Ёдрас менамоем, ки қаблан давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор дар сохтмон, инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва бахши хизматрасонии иҷтимоӣ даъват карда буд.
Қаблан миёни мақомоти Тоҷикистону Қатар масоили ба таври муташаккилона сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар, бақайдгирӣ ва барасмиятдарории муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар, ҳимояи ҳуқуқ, омӯзиши малакаҳои забондонӣ, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ зимни фаъолияти корӣ дар Давлати Қатар мавриди муҳокима қарор гирифта буд.