Амрико: Пас аз ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон ҳузури “Ал-қоида”* тавсеа ёфтааст

Аз Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида рӯзи гузашта ба расонаҳо гуфтаанд, ки “Ал-қоида”* талош мекунад, ҳузури худро дар Афғонистон ду баробар созад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Генерал Фрэнк Маккензи, раиси Ситоди Фармондеҳии марказии нерӯҳои Амрико изҳод кард, ки бо хуруҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон дар моҳи августи соли равон “Ал-қоида”* он ҷо андаке рушд карда ва феълан радёбии ин гурӯҳ низ бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Генерали амрикоӣ ба расонаҳо гуфт, “Ал-қоида”* талош дорад, ҳузури худро дар Афғонистон ду баробар созад.
"Мо эҳтимол ҳудуди як ё ду дарсад аз тавоноиеро дорем, ки замоне барои баррасии Афғонистон доштем. Ин метавонад таҳдиде барои Амрико бошад", - гуфт генерали амрикоӣ.
Қурайшӣ: Ҷаҳон бояд бо толибон “таомули созанда” барқарор кунад
Ин дар ҳолест, намояндагони толибон дар дидор бо мақомоти амрикоӣ дар Қатар таъйид карда буданд, ки хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар истифода нахоҳад шуд.
Дар баёнияе, ки Вазорати хориҷаи Амрико пас аз ин дидор мунташир кард, гуфта мешавад, "толибон бори дигар таъйид намуданд, ки ба касе иҷоза намедиҳанд, аз қаламрави Афғонистон барои таҳдиди кишварҳои дигар истифода намоянд".
*-гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия