Ӯзбекистон мехоҳад бо ваксинаи русӣ кӯдаконро алайҳи коронавирус моякӯбӣ кунад

Ӯзбекистон мехоҳад кӯдакони аз шаш сола болоро алайҳи бемории коронавирус ваксина кунад. Ин кишвар ният дорад, барои ин кор ваксинаи сохти Русияро истифода намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон ба ваксинаи кӯдакона алайҳи коронавирус, ки дар Русия таҳия мешавад, таваҷҷуҳ доранд ва мегӯянд, дар сурати нишон додани самари хуб аз он истифода мекунанд, хабар медиҳад РИА "Новости" аз қавли муовини сардори Хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ Нурмат Отабеков.

"Табиист, ки мо ба ҳама гузоришҳо дар бораи ваксинаҳои нав таваҷҷуҳ менамоем. Агар озмоишҳои клиникӣ натиҷаи хуб диҳанд, мо низ омодаем, аз ин ваксина истифода кунем", - афзуд Отабеков.

Ба андешаи ӯ, чунин ваксина хеле муҳим аст, зеро аксуламали масунияти ташаккулёфта дар ин синну сол ба саломатии ояндаи инсон таъсир мерасонад.
Отабеков ёдовар шуд, ҳоло дар Ӯзбекистон наврасони аз 12 то 18-сола ба таври ихтиёрӣ моякӯбӣ мешаванд. Ӯ инкор накард, ки агар зарурат пеш ояд, кӯдаконро иҷборӣ ҳам ваксина мекунанд.
Ваксина занед, баъд ба Душанбе равед: муроҷиати БДА-и Суғд
Қаблан мудири Маркази таҳқиқотии Гамалея Александр Гинсбург гуфта буд, ки марказ ҳуҷҷатҳоеро дар ҷиҳати гирифтани иҷозати таҳқиқоти ваксинаи зидди коронавирус барои кӯдакони аз шашсола болоро пешниҳод кардааст.
Дар Тоҷикистон, тибқи қарори Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус, афроди аз 18-сола боло моякӯбӣ мешаванд.