Путин вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ дод

Раисҷумҳури Русия дар бораи будубоши муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар изҳори назар кард ва шарҳ дод, ки онҳо чиро бояд донанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ҳар мушкиле, ки дар робита ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба миён меояд, бояд дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни кишварҳои ИДМ ҳал шавад.
Дар ин бора раисҷумҳур дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар (ШҲШ) изҳори назар кард.
Путин қайд кард, афроде, ки ба Русия меоянд, бояд на танҳо забони русиро хуб донанд, балки бо қонунҳои давлат низ шинос бошанд. Гузашта аз ин, ба боварии Путин, муҳоҷирон бояд ҳуқуқҳои худро донанд ва аз одатҳои мардуми ин кишвар бохабар бошанд.
Исрори навбатии Миронов ба ҷорӣ кардани раводид барои муҳоҷирони тоҷик
Илова бар ин, президент таъкид намуд, ки муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ қабл аз омадан ба Русия бояд дар ватани худ касб омӯзанд.
Дар ҳамин ҳол Валерий Фадеев, раиси ШҲШ дар суҳбат бо президент қайд кард, ки муҳоҷироне, ки қонунгузории ин кишварро нақз мекунанд ва аз ҷумла дар задухӯрдҳо иштирок мекунанд, бояд аз қаламрави Русия ихроҷ шаванд.
Путин қайд кард, ки масъалаи сиёсати муҳоҷират яке аз муҳимтарин мавзуъҳои иқтисод ва "беҳбуди иҷтимоии шаҳрвандони мо" аст.