ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Низоми бонкӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маориф аз сегонаи аввалини ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон будаанд.
Дар ин бора Шодком Турсунзода, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Оҷонсии зидди фасод дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар суҳбат бо "Ховар" хабар додааст.
Ба иттилои ин масъули оҷонсӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ бештар дар ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мушоҳида мерасанд.
Ин ниҳод давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 822 санҷиш гузаронида, ба маблағи 325 миллиону 820 ҳазор 116 сомонӣ зарари молиро ошкор кардааст, гуфт Турсунзода.
"Дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз маблағи ошкоргардида 227 миллиону 537 ҳазору 632 сомонӣ ситонида шуд ва барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида шуданд", - афзуд манбаъ.
Мавсуф мегӯяд, ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар кам гаштаанд, аммо сарфи назар аз иқдомоти пешгирикунанда амалҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе шахсони мансабдори вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ иҷроӣ мешаванд.
Ба гуфтаи Турсунзода, барои пешгирии содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ба ин васила коҳиш додани мизони коррупсия дар кишвар оҷонсӣ аз тамоми имконият истифода мебарад.