ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Аксари моддаҳои ғизоӣ дар себҳои сурх, зард ва норанҷиянд.
Дар ин бора Марина Макиша, ғизошиноси рус, узви Ассотсиатсияи миллии диетологҳо ба хабаргузории "Москва 24" иттилоъ додааст.
Ба гуфти вай, ранги дурахшони мева аз он шаҳодат медиҳад, ки дар таркиби он миқдори зиёди бета-каротин мавҷуд аст.
Одатан он бештар дар себи зард, сурх ва норанҷӣ аст, шарҳ додааст ғизошинос.
"Бета-каротин як антиоксиданти хуб аст. Воқеан ҳам муҳофизи хуб аст. Он ба ҷисм таъсири судманд дорад, бахусус ба нерӯи босира, майнаи сар ва рагҳои хунгард таъсири мусбат мерасонад", - гуфт ғизошинос.
Табиб ҳушдор додааст, ки агар шахс аз бета-каротин ҳассосият дошта бошад, бояд себи сабзро интихоб кунад, ки дар таркиби он низ витамину маъданҳои фоиданок зиёданд, вале он бета-каротини камтар дорад.