ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Кормандони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон барои нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ дар ҷои кор тоқипӯширо оғоз карданд.
Дар ин бора сардори яке аз раёсатҳои Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков хабар додааст.
"Акнун кормандони Вазорати фарҳанг дар рӯзҳои корӣ доппа, сарпӯши миллии узбакӣ мепӯшанд. Бо ин иқдом мо кӯшиш мекунем, ки дар тарғиби анъанаҳои миллӣ намунаи ибрат бошем", - гуфт Назарбеков.
Дар наворе, ки вазир нашр кардааст, дида мешавад, мардону занон дар ҷои корашон бо тоқӣ нишастаанд.
"Аз намояндагони тамоми соҳаҳо, мардуми эҷодкор, ватандӯстон, ва волонтёрон даъват мешавад, ки ин иқдомро дастгирӣ намоянд. Шитобед, боз як арзиши дигареро, ки Қонуни Асосии мо онро ҳифз кардааст, дубора эҳё намоем", - даъват кард Назарбеков.
Дар авоили моҳи июл Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон Қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ дар таҳрири навро ба тасвиб расонд. Ӯ манъи пӯшидани ҳиҷоб ва дигар либосҳои мазҳабиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ лағв кард.
Моҳи сентябр Вазорати маориф бо дархости падару модарон иҷозат дод, ки дар мактабҳо ба кӯдакон пӯшидани рӯймол ва тоқӣ иҷозат дода шавад. Вазорат тавзеҳ дод, ки пӯшидани чунин либос ҳамчун истисно иҷозат дода мешавад.