ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Муовини намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Афғонистон Метте Кнудсен, ки ҷиҳати иштирок дар вохӯрии 11-уми муовинони вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе қарор дорад, бо муовини Сироҷиддир Муҳриддин вохӯрӣ ва мулоқот намудааст.
Дафтари матбуотии ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Фарҳод Салим, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо хонум Кнудсен вохӯрдааст.
Манбаъ меафзояд, зимни мулоқот ҷонибҳо ба вазъи феълии Афғонистон таваҷҷуҳ намуда, зарурати расондани кумаки фаврӣ ба мардуми Афғонистонро тазаккур додаанд.
Дар вазорати гуфтанд, ки Тоҷикистон қаламрави худро барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон пешниҳод намудааст.
Ёдовар мешавем, 26 ноябр бо мусоидати Тоҷикистон маросими оғози расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба Афғонистон баргузор гардид.
Кумаки мазкур аз 2500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.