ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Донишгоҳи Ҳонконг тасвири штамми коронавируси омикронро нашр кард, ки бо микроскопи электронӣ гирифта шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба изҳороти пажуҳишгарон.
Ба олимони вирусшинос муяссар шуд, ки пас аз сироят бо штамми омикронии SARS-CoV-2 як ҳуҷайраи гурдаи маймунро (Vero E6) аксбардорӣ кунанд.
Гуфта мешавад, ҳангоми камтар васеъ кардани микрофотография осеби ҳуҷайра намудор мешавад. Ин сироят ба зарраҳои хурди вирусии сиёҳ монанд аст. Дар ҳоли бузург кардани акс зарраҳои вирусиро намудор мешаванд, ки рӯи онҳо хӯшаҳои тоҷшакл ба назар мерасанд.
Қаблан муҳаққиқони шуъбаи микробиологияи Донишгоҳи Ҳонконг омикронро аз намунаҳои клиникӣ ҷудо карданд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки ваксинаҳои зидди штамми навро таҳия ва истеҳсол кунанд.
Моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ як штамми нави коронавируси омикрон кашф карда шуд. Пештар олимон онро бо индекси B.1.1.529 ба қайд гирифта буданд.
СҶБ ин навъро "нигаронкунанда" арзёбӣ кард. Ба гуфтаи коршиносон, афроде, ки аллакай гирифтори корона ё ваксина шудаанд, метавонанд ба ин вирус мубтало шаванд.
Ин навъ ба Тоҷикистон ҳоло роҳ наёфтааст, аммо ба Русия онро ду нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, интиқол доданд. РИА "Новости" навишта буд, ташхиси 10 нафаре, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштанд, мусбат баромад.