ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар мавриди тафовуту монандии Владимир Путин ва Ҷо Байден, сиёсатшинос, дотсенти факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав Борис Межуев ибрози назар намуд.
Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳурони Русия ва Амрико масъулияти худро барои амнияти ҷаҳон эҳсос мекунанд.
"Сарони давлатҳо намехоҳанд Аврупоро ба ҷанг ҷалб кунанд. Онҳо оқибати кирдорҳои пешгузаштаи худ ва зарурати муколамаро дарк мекунанд", - мегӯяд Межуев.
Вай инчунин қайд кард, ки сардори Қасри Сафед на ҳамеша "ҳақиқати сиёсиро ошкоро ифода мекунад".
Сиёсатшинос зикр намуд, ки ҳамоиш фарқияти байни фалсафаи президентҳои Русия ва Амрикоро ба таври рӯшан нишон дод.
"Суҳбатҳо ба ҷои ошкор кардани чизҳои умумӣ фарқиятҳоро нишон дод, ки ин бад нест".
Илова бар ин раҳбарони Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар бораи вазъи Украина ақидаҳои бунёдӣ доранд, гуфт Межуев.
Ёдовар мешавем, ки Путин ва Байден рӯзи ҳафтуми декабр видеоконфронс баргузор карданд. Мавзӯи аслии музокирот авзоъ дар Украина ва ҳамчунин масоили дигари равобити Маскав ва Вашингтон буд.