ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар Нигерия ронандаи мошини боркаш 17 хонандаи мактаби Лагосро пахш намуд, хабар медиҳад рӯзномаи "Vanguar".
Ба навиштаи ин рӯзнома, фоҷеа замоне рух додааст, ки ронандаи боркаш мехостааст аз таъқиби пулис фирор кунад, аммо дар ин асно идора кардани мошинро аз даст дода, теъдоди зиёди кӯдаконро пахш ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Гуфта мешавад, 17 кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва боз ба 14 хонандаи дигар, ки ҷароҳат бардоштанд, кумаки табибон лозим шудааст.
Зикр гардид, ки шоҳидони ҳодиса ронандаро таъқиб намуданд ва пас аз боздошт ӯро шадидан латукӯб намуданд ва мошинашро оташ заданд. Мардум хост, "қотил"-и кӯдаконро ба қатл расонанд, вале кормандони милитсия садди роҳи онҳо шуданд.
Мухолифати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба шаҳрвандони Нигерия писанд наомад ва онҳо идораи пулисро мавриди ҳамла қарор дода, чанд мошини кормандони милисаро оташ заданд. Вазъият ҳоло дар Нигерия ором аст.