Олаф Шолтс ба ҷойи Меркел сарди аъзами Олмон шуд

Олаф Шолтс cадри аъзами Олмон интихоб шуд. Ӯ дар ин мақом Ангела Меркелро иваз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар Берлин маҷлиси Бундестаги Олмон барпо гардид, ки дар он канслери нав интихоб шуд. Дар рафти овоздиҳӣ роҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Олмон Олаф Шолтс, ки номзадии асосӣ ба ҷойи Меркел буд, ба ин мақом интихоб шуд.
Қабл аз нишаст вакилони Бундестаг ба Ангела Меркел, ки ин мақомро тарк мекунад, кафкӯбиҳои бардавом карданд.
Гусели бошукӯҳи Ангела Меркел аз мақоми садри аъзам дар Олмон - видео
Ёдовар мешавем, ки қаблан Олмон барои гусели ҳамакнун канслери собиқ, Ангела Меркел маросими хайрбод баргузор карда буд.
Дар саҳни Вазорати дифоъ ба хотири Меркел маросими анъанавии"Шоми бузург" баргузор карданд, ки он маъмулан барои гусел кардани сиёсатмадорони воломақом доир мешавад.
Ангела Меркел ин вазифаро аз охири моҳи ноябри соли 2005 иҷро мекард.