Толибон аз СММ талаби курсӣ доранд: "Ҳақ дорем"

Сухангӯи толибон гуфт, ин ҷо ҳаққи ҳукумат ва мардуми Афғонистон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Толибон аз Маҷмаи умумии Созмони Милал хостанд, тасмим дар бораи сарпечӣ аз додани ҷойи Афғонистон ба ҳукумати ин кишвар дар ин созмонро бознигарӣ кунад.

"Ба нафаре, ки ҳукумат ва мардуми Афғонистонро намояндагӣ намекунад, додани курсӣ дар Созмони Милали Муттаҳид беинсофӣ аст", - гуфт муовини сухангӯи ин ҷунбиш Инъомулло Самангонӣ дар саҳифаи "Твиттер"-и худ.

Ба гуфтаи ӯ, ин макон ҳаққи ҳукумату мардуми Афғонистон аст ва ин ҳақро бояд ҳифз кард.
"СММ бояд аз рӯи ақл кор кунад ва онро бори дигар ба таври ҷиддӣ баррасӣ намояд", - гуфт сухангӯи толибон.
Толибон: Аз замони бозгашти дубораи мо ҳеҷ низомии собиқ эъдом нашудааст
Афзун бар ин СММ намояндагии Миёнморро, ки дар он хунтаи низомӣ қудратро ба дасти худ гирифтааст, тағйир надод.
Толибон дар бораи хатти марзӣ тасаввурот надоранд?
Маҷмаи умумии СММ қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он, тасмимҳо дар бораи намояндагии Афғонистон ва Миёнмор ба таъхир гузошта мешаванд.
Моҳи сентябр толибон бо дархости ширкат дар иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ ба дафтари дабири кулли ин ниҳоди байналмилал нома фиристоданд.
"Шикасти толибон дар арсаи байналмилалӣ” – изҳороти Зоҳир Ағбар
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нирӯҳои Амрико шиддат гирифту толибон рӯзи 15 август Ҳукумати Афғонистонро ғасб карданд.