ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Бар замми ин як қисми ҳосили ҷамъоваришудаи пахта, ки маҳсули заҳмати нимсолаи хоҷагиҳо маҳсуб мешуд, ду ҳафта қабл дар анбори ширкати “Музаффар комания”-и Мастчоҳ ба коми оташ рафт.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар ин анбори ширкат ҳосили пахтаи 288 хоҷагӣ пардозиш ва нигаҳдорӣ мешуд.
Нарзулло Боймирзоев, сардори бахши кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ ба далели чанд мушкил ҳосили пахта тибқи нашқа ба даст оварда нашуд.
Ӯ гуфт, яке аз мушкили пешомада гармшавии иқлим буд, ки ба нашъунамои пунбадона таъсири манфӣ расонд.
“Дар моҳи июн, ки айни гулкунӣ ва ҳосилбандии пахта маҳсуб мешавад, мушкили обрасонӣ ба вуҷуд омад. Ба ҷойи 16-18 метри мукааби об ҳамагӣ 15 метр об расонида шуд, ки як қисм замини зироат аз мушкили камобӣ хушк шуд”, - гуфт Боймирзоев.
Ба иттилои Боймирзоев, соли ҷорӣ дар ноҳияи Масчтоҳ дар майдони 11 ҳазору 61 га пунбадона кишт шуда буд.
Тибқи нақшаи кишт, ҷамъоварии то 30 ҳазор тонна ҳосил дар барнома буд. То охири мавсим ҳамагӣ 20 ҳазору 82 тонна пахта ҳамагӣ ҷамъоварӣ шуд, ки ин рақам бар асоси барнома, беш аз 9000 тонна кам аст.
Ба иҷро нарасидани нақшаи пахтасупорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки шаби 24 ба 25 ноябр дар анбори нигоҳдории пахта дар ширкати “Музаффар компания” сӯхтор сар зад ва садҳо тонна пахтаи тайёр нобуд шуд.
Бар асари сӯхтори шаби 24 ба 25 ноябри соли ҷорӣ дар анбори “Музаффар компания” беш аз 400 тонна нахи пахта ва чандин тонна пунбадонаи омода нобуд шуд, ки хисороти иқтисодии ин оташсӯзӣ 46 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Манобеъ аз Идораи сӯхторнишонии Суғд чанде пеш сабаби сар задани сӯхторро амали барқасдона арзёбӣ карда буданд.
"Сӯхтор тахминан соатҳои 03:00-и шаби 24 ба 25-уми ноябр рух додааст. Фарзияҳои асосӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ, оташи тамоку (сигарет) ва ҳатто оташбозии кӯдакон ҳам санҷида шудаанд. Ин фарзияҳо ба воқеияти ҳодиса мувофиқат намекунанд. Хулоса шудааст, ки оташсӯзӣ қасдан сурат гирифтааст”, - гуфт манбаъ.
Барои хомӯш намудани он ба ҳисоби мошинҳои обпоши ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 14 мошини дигари сӯхторнишонӣ аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол фиристода шуд ва баъди қариб 10-12 соат ин сӯхтор хомӯш карда шуд. Ба кормандони мақомоти сӯхторнишонӣ муяссар шудааст, ки беш аз 400 тонна пахтаро аз коми оташ наҷод диҳанд.
Аммо бар асари ин ҳодиса наздик ба 700 тонна пахта ва пунбадонаи тайёр ба коми оташ рафтааст. Бархе аз кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ иброз намуданд, ки самари заҳмати нимсолаашон дар анбори “Музаффар компания” нигаҳдорӣ мешуд, аммо дар пайи сӯхтор ба коми оташ рафт.
“Мо пахтаамонро ба коргоҳи “Музаффар кмпания” месупоридем. Дар ин ҷо ба таври иҷора пахтаи мо хоҷагидорон нигоҳдорӣ мешуд. Рӯзи 25-ум, баъди ҳосидаи сӯхтор дидем, ки ҳамаи пахтаи ҷамъоваринамудаамон хокистар шудааст. Ҳоло намедонем, ки чӣ гуна роҳбари корхона пули онро ба мо бармегардонад”, - изҳор намуд яке аз пахтапарварони Мастчоҳ.
Ин кишоварзи пахтапарвар гуфт, ҳоло мавсими пахтачинӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба охир расида, аз меҳнати нимсола танҳо ғӯзапоя боқӣ мондааст.