"Мерседес"-и бегонаро аз пеши ҳавлияш фурӯхтааст: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолати дигари қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин дар кишвар хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ба идораи пулис дар ноҳияи Сино марди 40-сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат карда, аз қаллобии сокини 42-солаи пойтахт шикоят намудаст.
Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки 27-уми октябр марди 42-сола ба бовариаш даромада, мошини "Мерседес-Бенс"-и як нафари дигарро ба ӯ бо нархи 47,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтаст.
Манбаъ таъкид кард, ки ин мошин дар ҳавлии нафари муттаҳам қарор доштааст, аммо молики аслии он нафари дигар будааст.
Боз қаллобӣ дар мошинбозор: Бо нархи гарон нася мегирифту арзон мефурӯхт
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир аз тарафи мақомоти умури дохилӣ дар бораи ҳолатҳои қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин зиёд иттилоъ дода мешавад.
Дар бисёри ҳолатҳо харидорон мошинро қарз гирифта, баъдан онро бо нархи арзон мефурӯшанду маблағашро аз худ мекунанд.