ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабри соли 2021, соати 08:00 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.
Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар ҷаласаи якҷоя паёми солонаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шунида мешавад.
Таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ хоҳад гуфт.
Паёми президент ба парлумон ҳамасола дар ҳузури вакилон, роҳбарони мақомоти иҷроия ва додгоҳӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ироа мегардад. Дар бисёре аз муассисаҳои давлатӣ тамошои дастаҷамъонаи паёми президент ташкил карда мешавад.
Қабл аз ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон, 17 декабр ҷаласаи Маҷлиси миллӣ дар назар аст, ки дар он бархе таъйинот дар мақомоти додгоҳӣ ва қонунҳои қаблан қабулкардаи Маҷлиси намояндагон таъйид мешаванд.