ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Ба феҳристи довталабони Ҷоизаи “Оскар” филми коргардони ӯзбек ва сенариянавис Ёлкин Тӯйчиев “Ду ҳазор суруди Фарида” ворид шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба созмондиҳандагони он.
Филм ба рӯйхати номзадҳо барои беҳтарин филми бадеии хориҷӣ ворид шуд.
Ба ҷуз аз Узбакистон 93 кишвари ҷаҳон филмҳои худро муаррифӣ карданд.
Дар ҳамин бахш боз филми коргардони рус Кира Коваленко "Кушодани мушт", "Шамбала"-и коргардон Ортиқпай Суюндуков аз Қирғизистон ва "Гурбаи зард"-и коргардони қазоқ Одилхон Ержанов пешниҳод шудааст.
Филми "Ду ҳазор суруди Фарида" соли 2020 бо фармоиши агентии "Ӯзбеккино" аз ҷониби "Fox Music Cinema" ба навор гирифта шудааст.
Филм дар бораи воқеаҳои сиёсии Туркистон дар ибтидои асри гузашта дар мисоли як хонавода нақл мекунад.
Тибқи сужа, қаҳрамони асосӣ Комил бо се зан дур аз ҷамъият зиндагӣ мекунад ва тасими мегирад, барои бори чорум оиладор шавад. Пайдо шудани зани нав ва вазъи сиёсии ин минтақа боиси низоъҳо дар оила мешавад, ки дар ниҳоят оила аз байн меравад.
Моҳи ноябри соли гузашта ин филм аллакай Ҷоизаи Гран-прии Фестивали нахустнамоиши филмҳои Маскави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро гирифта буд.
Моҳи марти соли ҷорӣ бошад, филм соҳиби Ҷоизаи тамошобинон дар Ҷашнвораи ҷаҳонии филмҳои осиёӣ шуда буд.
Ба гуфтаи созмондиҳандагони ҷоиза, шорт-листи 15 филм 21 декабр ва номзадҳо ба маросими супурдани 94-умин Ҷоизаи "Оскар" ҳаштуми феврали соли 2022 эълон хоҳад шуд.