Таъзияи Вазорати фарҳанг: Рассоми халқии Тоҷикистон даргузашт

Вазорати фарҳанг ба наздикони Исуфҷон Сангов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва Рассоми халқӣ ҳамдардӣ баён намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Хабари даргузашти Рассоми халқии Тоҷикистон, Исуфҷон Санговро Вазорати фарҳанг таъйид намуда, ба пайвандони ин Арбоби ҳунар изҳори ҳамдардӣ баён дошт.
"Ба аҳли хонадон, хешону пайвандон, дӯстону наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳем", - омадааст дар таъзияномаи Вазорати фарҳанг.
Манбаъ ҷузъиёти пурра дар мавриди фавти Исуфҷон Санговро нашр накардааст.

Исуфҷон Сангов кист?

Исуфҷон Сангов панҷуми августи соли 1944 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Дар Омӯзишгоҳи олии рассомии саноатии шаҳри Маскави Русия таҳсил карда, фаъолияти кории худро ба ҳайси омӯзгори фанҳои тахассусӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов оғоз намудааст.
Дар эҷодиёти Исуфҷон Сангов нақшу нигори мардумӣ бо обуранги бадеӣ зиёд таҷассум ёфтааст ва аз ин рӯ санъати ин рассоми тоҷик дар хориҷ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Муаллифи "Таърихи халқи тоҷик" даргузашт
Исуфҷон Сангов то охирин лаҳзаҳои ҳаёти худ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳайси профессори кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев фаъолият намудааст.
Марҳум барои хидматҳои назаррас дар инкишофи санъати тасвирии тоҷик ва тарбияи ҳисси зебоипарастии мардум бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, соли 1997 бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, соли 2003 бо унвони Рассоми халқии Тоҷикистон ва соли 2004 бо Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ сарфароз гардонида шудааст.