Қадрдонии афсарони нерӯҳои вижаи Тоҷикистон дар ноҳияи наздимарзӣ бо Афғонистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз қадрдонии афсарони таъйиноти махсус хабар дод, ки дар минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон хидмат мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милиса, ки дар дидбонгоҳи ноҳияи Панҷ адои вазифа менамоянд, бо рутбаҳои навбатӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд, хабар дод Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Манбаъ аз хидматҳои нерӯҳои вижаи Тоҷикистон дар таъмини тартибот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳимояи марз тавсиф кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон кори қисмҳои низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки қисмати зиёди марз бо Афғонистон ба ин вилоят рост меояд, мавриди санҷиш қарор дод.
Тоҷикистон барои мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ чанд пул харҷ мекунад?
Ба иттилои ВУД, омодагии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, бахусус сарбозону афсарон дар сатҳи баланди касбӣ, ҳамаи техника ва лавозимоти ҷангӣ низ дар ҳолати хуб қарор доранд.
Раҳимзода дар ВМКБ низ барои хизматҳои арзанда дар таҳкими суботу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони вилоят ба афсарону сарбозон изҳори миннатдорӣ карда, бархе аз онҳоро аз номи Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардонидааст.