ДУШАНБЕ, 6 дек– Sputnik. Муноқишаи гурӯҳии ноболиғон дар шаҳри Душанбе бо марги як ноболиғ ва ҳукми зиндони навраси дигар анҷомид, хабар дод Додситонии кулли Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Додгоҳи Олӣ як наврасро дар куштор гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки қазия аз он оғоз шуд, ки шоми 20-уми апрели соли равон ноболиғ аз тариқи ҳамсинфаш дарак меёбад, ки сокинони кӯчаи Айнӣ бародари ӯро латукӯб мекунанд.
Ӯ дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар кӯчаи Айнӣ шоҳиди муноқишаи ноболиғон шуда, ба тарафи чаппи синаи яке аз иштирокдорони муноқиша корд задааст, омадааст дар иттилоия. Дар натиҷа ҷабрдида дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Додситонӣ дар пайи таҳқиқи қазия парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.
Бар асоси иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи Олии кишвар аввали моҳи равон дар пайи ин қазия навраси муттаҳамро ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст. Таъкид шудааст, ки маҳкумшуда ин муҳлатро дар колонияи тарбиявии дорои низоми умумӣ паси сар хоҳад кард.