Нигаронии кишварҳо аз куштори низомиёни пешин дар Афғонистон ва вокуниши толибҳо

Толибҳо ба баёнияи муштараки як гурӯҳ кишварҳои ҷаҳон, ки аз қатли низомиёни пешин дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд, вокуниш нишон додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Толибҳо иддаои қатли низомиёни пешини Афғонистон бидуни муҳокимаро бепоя хонда, таъкид мекунанд, ки ба афви умумии эълоншуда мутааҳҳид мебошанд.
Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии ҳукумати нав дар Афғонистон дар вокуниш ба нигарониҳои кишварҳои ҷаҳонӣ гуфтааст, ки агар аъзои нерӯҳои "иморати исломӣ" аз фармони афви умумӣ сарпечӣ кунанд, ба бархӯрди қонунӣ ва муҷозот мувоҷеҳ мешаванд, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ аз қавли Балхӣ таъкид намудааст, ки рӯйдодҳо ба таври ҷиддӣ баррасӣ мешаванд ва шоеоти беасос қобили эътироз нестанд.
Сӯиқасд ба волии Панҷшер: сухангӯи ҷаълии Ҷабҳаи муқовимат фош шуд
Ин дар ҳолест, ки ахиран ИМА ва 20 кишвари дигар дар як баёнияи муштараке дар мавриди куштори низомиёни давлати пешин ба дасти толибҳо ибрози нигаронӣ карданд. Дар баёния таъкид шудааст, ки омилони ин куштор бояд муҷозот шаванд.
Зикр гардидааст, ки чунин аъмоли ҳукуматдорони нав дар Афғонистон нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар буда, бо гуфтаҳояшон дар мавриди афви умумӣ дар таззод мебошанд.

"Мо аз толибҳо мехоҳем афвро барои аъзои собиқи нерӯҳои амнияти Афғонистон ва мақомоти давлати собиқ ба таври муассир иҷро кунанд, то итминон ҳосил шавад, ки афв дар саросари кишвар амалӣ мешавад", - омадааст дар баёнияи муштарак.

Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукуматро дар Афғонистон нимаи августи соли равон ғасб карда, аз анҷоми ҷанг хабар доданду таъкид намуданд, ки дар кишвар афви умум эълон шудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз давлатдорони нав дар Афғонистон талаб дорад, ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба кору таҳсилро таъмин созанд.