ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Аз буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2022 барои маблағгузории бахши мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо 2 миллиарду 290 миллион сомонӣ ҷудо мегардад.
Бар асоси қонуни буҷа, ки ахиран аз ҷониби парлумону президент тасвиб шуд, қисми аъзами ин маблағ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷудо мешавад.
Аз ҷумла таъкид шудааст, ки хароҷоти буҷаи ҷумҳуриявӣ барои мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура - 1 миллиарду 951 миллион сомониро ташкил хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ хароҷоти буҷаи давлатӣ дар соли 2022 муодили 33 миллиарду 626 миллион сомонӣ мебошад.
Аз ин барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 1,4 мллиард сомонӣ, маориф – 6,3 миллиард сомонӣ, тандурустӣ – 2,9 миллиард сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 4,3 миллиард сомонӣ, фарҳанг ва варзиш – 1,2 милиард, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал – 1,5 миллиард сомонӣ сарф мешавад.
Инчунин барои комплекси сӯзишворию энергетикӣ – 6 миллиард, кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор – 1 миллиард, саноат ва сохтмон – 211 миллион, нақлиёт ва коммуникатсия – 2,6 миллиард ва барои соҳаҳои дигари иқтисодиёту хизматрасонӣ – 125 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.