Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Таътили Соли навӣ дар Русия тамдид мешавад? Шарҳи вирусшинос

Мутахассис шарҳ дод, ки эҳтимолияти ҷорӣ кардани карантин аз вазъияти мушаххаси эпидемиологӣ вобаста аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Мақомоти Русия метавонанд рӯзҳои ғайрикориро дар моҳи январ пас аз таҷлили Соли нав тамдид кунанд, агар штамми "омикрон" боиси ҷараёни шадиди беморӣ шавад ва ба соҳаи сиҳатӣ сарбории зиёд орад.
Ин пешгӯиро дар мусоҳиба бо URA.RU узви вобастаи Академияи илмҳои Русия, вирусшинос, профессор Петр Чумаков баён дошт.
"Дар бораи штамми "омикрон" маълумотҳо ночизанд. Агар маълум шавад, ки он шакли вазнини бемориро ба вуҷуд меорад, пас ман фикр мекунам, ки тамдид ёфтани рӯзҳои истироҳатӣ имконпазираст, - тахмин задааст ӯ.
Ба боварии Чумаков ҳама чиз аз вазъи эпидемиологии мушаххас вобаста аст ва мақомот дар асоси мавҷудияти катҳо қарор қабул мекунанд.
Омикрон ба 38 давлат расид: таъсири ваксина ба он ҳоло дақиқ нашудааст
Ӯ гуфт, омили асосӣ ин аст, ки тиб то чӣ андоза бо вуруди беморон мубориза мебарад.\
Штамми нави коронавируси B.1.1.529 дар миёнаҳои моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шуд. Ба гуфтаи олимон, он бо 50 мутатсия дар сафедаи S фарқ мекунад ва метавонад ба антителоҳои муҳофизатии онҳое, ки бемор ва ваксина шудаанд, тобовар бошад.
Навъи нави коронавирус аз ҷониби СҶБ "нигаронкунанда" эълон шудааст.