ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Дар соли 2021 муҳоҷирони корӣ дар Русия бештар барои гирифтани патенти корӣ муроҷиат карданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Ба иттилои вазорат, дар даҳ моҳи соли 2021 теъдоди муҷаввизҳои нашршуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 қариб ду баробар зиёд шудааст.
"Дар моҳҳои январ-октябри соли 2021 ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд 1 853 395 патент дода шудааст", - таъкид кардааст ВКД Русия.
Дар ҳамин ҳол дар тӯли даҳ моҳи соли 2020 муҳоҷирон 971 854 ҳуҷҷат гирифтаанд.
Илова бар ин теъдоди шаҳрвандоне, ки ба унвони муҳоҷири корӣ дар Русия сабти ном шудаанд, афзоиш ёфтааст. Дар соли 2020 шумораи онҳо беш аз ҳашт миллион ва дар соли 2021 беш аз даҳ миллионро ташкил дод.
Ҳамин тариқ теъдоди хориҷиёне, ки дар феҳристи муҳоҷират сабти ном шудаанд, 2,3 миллион нафар афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2021 шумори муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтанд, низ афзоиш ёфт. Аз моҳи январ то октябр 600 000 нафар шиносномаи Русия дошт. Барои муқоиса соли 2020 ба 500 ҳазор муҳоҷир ҳуҷҷат дода шудааст.
Ёдовар мешавем, соли 2020 раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, муваққатан дар ин кишвар будубош ва кор кунанд.