Иловаи 34 миллиони дигар: Пули Фонди захиравии президент дар соли нав маълум шуд

Захираи Фонди раисҷумҳур дар соли нав ба андозаи беш аз 34 миллион сомонии дигар афзоиш меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Фонди захиравии раисҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2022 ба маблағи 438 миллиону 540 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин нукта дар қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2022, ки ахиран аз ҷониби парлумону президент ба тасвиб расид, таъкид гардидааст.
Пули захиравии раисҷумҳур дар соли оянда дар муқоиса бо соли равон бештар мебошад. Дар соли 2021 ҳаҷми Фонди захиравии президент ҳудуди 404 миллион сомонӣ муқаррар шуда буд.
Ҳисоби ҷарима ва боҷу андоз дар Тоҷикистон аз оғози соли 2022 зиёд мешавад: Чӣ қадар?
Маблағҳои ин Фонд бо салоҳдиди раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешаванд.
Аз ҷумла тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар бахши маорифу фарҳанг гузаронда мешаванд. Инчунин дар соли 2020 аз пулҳои ин Фонд барои табибоне, ки дар шароити пандемияи коронавирус фаъолият карданд, кумакпулиҳои иловагӣ пардохт гардиданд.