ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Сарояндаи ҷавони тоҷик Илҳом Тагиров дар марҳилаи навбатии озмуни "Голос" пирӯз шуд.
Дар пахши шомгоҳии "Шабакаи аввал"-и Русия овозхони тоҷик дар саҳнаи озмуни "Голос 10" бо таронаи ""Нокауты" ширкат кард.
Илҳом Тагиров суруди "Русский поле"-и бастакор Ян Френкелро иҷро кард.
Ин оҳанг соли 1968 аз ҷониби Ян Френкел бо мисраъҳои Инна Гофф барои филми "Саргузаштҳои нави дастнорас" навишта шудааст.
Аввалин бор онро Юрий Гуляев иҷро кард, баъдтар ин суруд ба эҷодиёти бисёре аз сарояндагон, ба монанди устодони машҳури шӯравӣ ва рус Лев Лешенко, Марк Бернс, Валерий Ободзинский, Иосиф Кобзон дохил шуд.
Оҳангсози маъруф Александр Градский дар шарҳи иҷрои Илҳом ин оҳангро "руситарин тарона" номид.
Градский қард кард, ки мураббии Тагиров Димай Билан "таваккали бузург карда, то дастпарвараш ин суруди ба назар оддитаринро бихонад".
"Ин яке аз таронаҳои русист, ки метавон дар он худро тасаввур кард. Мутаассифона, шумо ба худ дар оҳанг чанд озодӣ иҷозат додед, агар онро гирифтаед - шумо бояд онро барои завқи ман нигоҳ доред. Аммо шумо ба ҳар ҳол вуҷуди худро ба ин тарона додед", — Градский баромади Тагировро чунин тавсиф кард.
Ёдовар мешавем, ки озмуни "Голос", ки рӯзи 3 декабр дар телевизион пахш шуд, ба хотираи сароянда, таронанавис, шоир, оҳангсоз ва мураббии лоиҳа Александр Градский бахшида шуда буд, ки рӯзи 28-уми ноябр даргузашт.
Раҳбарияти "Шабакаи якум" тасмим гирифтааст, ки тамоми қисматҳои барномаи "Голос"-ро, ки аллакай сабт шудааст, намоиш диҳад.
Рақибони овозхони тоҷик ин дафъа Никита Бисюк ва Адилет Ҷумабеков буданд, ки таронаҳои "Happier Than Ever" ва "Урга"-ро иҷро карданд.
Тибқи муқаррароти лоиҳа, пас аз иҷрои се сароянда мураббӣ бояд барои ширкат дар даври баъдӣ як довталабро интихоб кунад. Дима Билан Илҳомро интихоб кард.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамошобинони барномаи телевизиони "Якум"-и Русия Илҳом Тагировро баъди як баромади ҷаззобаш дар озмуни "Голос" шинохтанд. Таронаи "Dream a Little, Dream of Me" (Кам орзу кун, каме аз ман биандеш)-и Фабиан Андре ва Уилбур Швандт дар иҷрои ҷавони тоҷик баҳои баланд гирифт.
Илҳом Тагиров 27 сол дорад ва зодаи шаҳри Турсунзода мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, донанадаи чор забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ аст. Тавре худаш мегӯяд, маълумоти мусиқӣ надорад ва касе аз хонаводаашон санъаткор ҳам нест.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар "Шабакаи аввал"-и Русия мавсими 10-уми барномаи вокалии телевизионии "Голос" оғоз шуд.