ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 49-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда 3-юми декабри соли 2021, тахминан соати 11.00 дар ҳудуди деҳаашон бо марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо табар як бор ба гарданаш ва баъдан ахириро оташ зада, ба ҳалокат расонидааст.
ВУД қазияи куштор ва сабаби моҷарои ин ду мардро аз ин бештар шарҳ надодааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳоло тафтиши ҳодиса идома дорад.
Ёдовар мешавем, чанд рӯз қабл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони пулис ҷавони 19-солаеро боздошт карданд, ки бераҳмона пардари 47-солаашро ба қатл расонида буд.
Мақомот гуфтанд, ки сабаби ин ҳодиса муноқишаи оилавӣ будааст.