Занг занед: Вазорати меҳнат барои муҳоҷирон ҷои кор меёбад ва мушкилашонро ҳал мекунад

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ба тоҷикони корафтода кумаки ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик телефони боварӣ роҳандозӣ кард.
Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ин ташаббус ба хотири мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ, сари вақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст.

Телефони боварӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Маскав фаъолият намуда, ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа дар чанд бахш посух медиҳанд. Муҳоҷирон тавассути рақами +7(495)9679844 метавонанд муроҷиат кунанд.

Таъкид шуд, ки мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, танзими муносибатҳои корӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнат, шарҳи қонунгузории Русия пусох дода, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро қабул менамоянд.
Мақомот ба муҳоҷирон гуфтанд, дар ҳолати бедарак шудани наздикон дар Русия чӣ бояд кард
Пештар намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо даъват карда буд, ки дар ҳолати ҳодисаҳои нохуш фавран ба мақомоти марбутаи Русия ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар муроҷиат намоянд.
Вазорат шарҳ дод, ки агар узви оила ва пайвандони муҳоҷири корӣ, ки дар Русия қарор доранд, бедарак гарданд, зарур аст, ки онҳо фавран ба шуъбаи минтақавии пулиси маҳалли иқомати худ муроҷиат намоянд.