ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Туркия А. Гулов бо вазири саноат ва технологияҳои Туркия, ҳамраиси қисмати туркии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия Мустафо Варанк дидору мулоқот кард.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот бештар ба масоили иқтисодӣ дахл шудааст.
Зимни вохурӣ тарафайн дар бораи корбариҳо, вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии бандҳои Нақшаи амали муштараки ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ибрози назар намудаанд.
Ҳамчунин сиёсатмадорон ба мувофиқа расидаанд, ки масъалаҳои иқтисодии зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳошияи 15-умин саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасишударо мавриди пайгирии амиқ қарор диҳанд.
Пештар кишвардорон Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни дидору мулоқот дар шаҳри Ишқобод дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ аз ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ гуфтанд, ки давоми панҷ соли охир гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия бештар аз ду миллиард долларро ташкил дод.
Сиёсатмадорон гуфтанд, ки барои боло бурдани ин нишондод аз имкониятҳои мавҷуда, аз қабили татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон васеътар истифода гардад.