ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Қирғизистон сар аз 1 декабр қоидаҳои вуруд ва хуруҷ аз ин кишварро барои бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон сода кардааст, менависад "АКИpress".
Тағйирот ба намояндагони дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо дахл дорад.
Ҳамин тариқ раиси Девони Вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов бо фармоне аз 1 декабри соли 2021 ба фармони Девони Вазирон аз 21 майи соли 2021 тағйирот ворид кард.
Тағйирот ба хотири ба тартиб даровардани масъалаҳои вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон – кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Қирғизистон ворид шудааст.
Ҳамакнун, тибқи санади нав, вуруди кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо дар Қирғизистон, инчунин аъзои оилаи онҳо (бо тасдиқи ҳуҷҷатии хешутаборӣ) дар сурати доштани аккредитатсия ё шиносномаи хидматӣ иҷозат дода мешавад.
Қаблан убури афроди дорои чунин як масъулият бо огоҳии пешакӣ дар бораи омадан ё рафтани онҳо тавассути Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иҷозат дода мешуд.
Илова бар ин ислоҳи нав пешбинӣ мекунад, ки иҷозаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон, донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил мекунанд ё нафароне, ки ба ҳайси омӯзгор дар ин кишвар кор мекунанд, тибқи номаи пешакии Вазорати маорифи Қирғизистон ба хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ содир мешавад.