Назарбоев гуфт, ҷанг бо ИМА бемаънӣ аст

Аввалин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи муносибат ба ИМА ва НАТО гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Нурсултон Назарбоев мегӯяд ба Русия ва Чин ҷанг лозим нест, зеро ҳар ду давлат проблемаҳои зиёди дохилй доранд. Ва ҳамлаи эҳтимолии Федератсияи Русия ва Чин ба Иёлоти Муттаҳида бемаънӣ аст.
Коргардони маъруфи амрикоӣ Оливер Стоун дар бораи Нурсултон Назарбоев филми "Qazaq: таърихи одами тиллоӣ"-ро ба навор гирифт.
Sputnik Қазоқистон суханони Назарбоевро аз филм овардааст, ки мегӯяд Қазоқистон кишвари хурд аст, на геополитикӣ, ки мушкилоти ҷаҳониро ҳал кунад.
"Ман авҷи мухолифати онҳоро дидам": Назарбоев дар бораи муноқишаи Елтсин ва Горбачев
"Ман як шахсе ҳастам, ки Амрикоро эҳтиром мекунад. Дар он ҷо як кишвари бузург, таърихи бузург, одамони бузург таваллуд шудаанд. Мардуми ташаббускор, ки намунаи ибратанд. "Чӣ тавре ки мо мекунем, кунед ва шумо мисли мо зиндагӣ хоҳед кард". Ва ин дар ҳақиқат аламовар аст, вақте ки Амрико хатоҳои бузург мекунад, дар асл як кишвари пешқадам дар тамоми ҷаҳон. Чизе ҳам шавад, мо ҳамчун як кишвари хурд дар байни онҳо зинда мемонем. Аммо барои инсоният ҳеҷ чизи хубе нест", - гуфт Назарбоев.
Ба гуфти вай, сохтани як иттиҳоди низомӣ, ки Амрикоро пахш кунад, роҳи ҷанг аст на сулҳ, ба ин гуна бархӯрдҳо ниёз нест.
Назарбоев аз иштибоҳҳои сахти худ дар замони президентӣ гуфт: домодашро мисол овард
"Мо ИҶШС доштем, Шартномаи Варшава буд ва НАТО зидди Шартномаи Варшава буд. Шартномаи Варшава кайҳо нест, аммо НАТО боқӣ мемонад. Инро чӣ гуна фаҳмидан мумкин аст? Чаро ин лозим аст? Комплекси ҳарбию саноатӣ дикта мекунад: "Пули бештар диҳед, мо танку ҳавопаймо ва ракета месозем. Оё амрикоиҳо дар ҳақиқат фикр мекунанд, ки Русия ё Чин ба Иёлоти Муттаҳида ҳамла мекунанд? Чаро ин ба онҳо лозим аст?", - мегӯяд бо тааҷҷуб Назарбоев.
Вай қайд кард, ки ҳам Чин ва ҳам Русияро хуб медонад. Ба онҳо ҷанг лозим нест, зеро ҳар ду давлат проблемаҳои зиёди дохилй доранд.
Ва ҳамлаи эҳтимолии Федератсияи Русия ва Чин ба Иёлоти Муттаҳида бемаънӣ аст.