Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Музокироти 4-соатаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар ду макон: баҳс ҳал мешавад?

Мулоқоти ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду макон баргузор шуд ва ба дарозо кашид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар рустои Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара музокирот гузарониданд - маконҳое, ки рӯзҳои охир шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудаанд.
Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки хост номаш зикр карда нашавад дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Зафарбек Давлатзода, Баҳоваддин Баҳодурзода, раисони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара, инчунин раисони ҷамоатҳои наздимарзии Овчи- Қалъача, Чоркӯҳ аз ҷониби Тоҷикистон ширкат доштанд.
Қирғизистонро дар ин музокирот Абдикарим Алимбоев, фиристодаи президент дар умури вилояти Ботканд ва раисони ноҳияи Лайлак ва ҷомати Қулунду ба ҳисоби масъулони амниятиву интизомӣ ва сарҳадбонии ду кишварнамояндагӣ кардаанд.
“Ҳайати ҷонибҳо вазъи кунунии иҷтимоию сиёсӣ ва мушкилоти ба миёномадаи чанд рӯзи ахир дар марзро ба баррасӣ гузоштаанд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ мулоқоти ҷонибҳо нахуст дар рустои Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз шуда дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара дар наздики марз ба Қирғизистон идома кардааст ва тақрибан чор соат идома кардааст.
Ин маҳалҳои наздимарзӣ дар ҳоле макони гуфтушунидҳои марзӣ интихоб шудаанд, ки давоми се рӯзи охир шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудаанд.
Рӯзи 30 ноябр ҷониби қирғизҳо барои сохтмони девори як сокини деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сабаби гӯё баҳснок будани замин монеъ шуданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Баъди тирандозӣ Тоҷикистону Қирғизистон ба посбонии муштараки марз шуруъ карданд
Дар посух ба ин амалкарди қирғизҳо ҷониби Тоҷикистон ҳам ба роҳсозии қирғизҳо, ки он аз ҳудуди ин деҳа мегузарад баҳснок номид ва талаби қатъи роҳсозӣ шуд.
Аҳмадҷон Шукурзода, раиси ҷамоати Овчӣ - Қалъача дар шарҳи ин баҳси марзӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, "бо он ки сарҳадбонони Қирғизистон ба сохтмони девори сокинони ҷамоат монеъ шуданд, мо ҳам талаб намудем, агар чунин аст, пас то ҳал шудани баҳси марзӣ сохтмони роҳи қирғизҳо, ки аз кӯчаи ҳудуди ҷамоати мо мегузарад, қатъ шавад. Мо мувофиқ ба амалкарди онҳо амал намудем”.
Рӯзи 1 уми декабр ғайриинтизор боз як муноқишаи марзӣ дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳи Исфара рух дод ва сабаби захминшавии Камолиддин Собиров, ноиби мудири мактаби № 64 и Исфара гардид.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Латукӯби Собиров, муовини мудири як мактаби Исфара аз сӯйи қирғизҳо
Бино ба гуфти Набихон Набиев, мудири мактаби № 64, ҳодисаи захминшавии Собиров аз сӯи қирғизҳо баъд аз зуҳри рӯзи 1 декабр рух додааст.
"Собиров барои ҳамроҳи худ бурдани хонандаҳо ба мактаб мерафт, вале як гурӯҳ қирғизҳо, сокини деҳаи Куктош пеши роҳаш баромада, ӯро шадидан латукӯб намудаанд, ки дар натиҷа сару рӯй, гӯш ва пойҳои сахт захмӣ шудаанд”, - гуфт Набиев.
Камолиддин Собиров ҳоло дар шуъбаи осебшиносии шифохонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ аст.
Ҷараёни мулоқоти ҷонибҳо ба таври расмӣ инъикос нашудааст ва то ба ҳол маълум нест, ки дар мулоқоти имрӯза чи санад (протокол) дар умури марз ба имзо расонида шудаасту минбаъд чи гуна он ба назари эътибор гирифта хоҳад шуд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷабборов: Омодаи ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонем, аммо як метрро намедиҳем
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ зимни баргузории мулоқот аз тарафаи ҳайати ду кишвар тасмим гирифта шудааст, ки бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду ҷониб патрулҳои муштараки марзӣ таъсис дода, кори онҳо сар аз имрӯз дар минтақаҳои назимарзӣ ба роҳ мона шудааст.
Дар гузашта низ мулоқоти ҳайати роҳбарони Суғду Ботканд сари масоили марзӣ баргузор шуда ва чандин санад ба имзо расонида шуда буд. Аммо баъди чунин гуфтушунидҳо низ муноқишаҳои марзӣ сар задаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқиша шудааст.