ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Мулоқоти вазири маориф бо ҳайати кормандони Донишгоҳи Хоруғ дар пасманзари эътирозҳои ахир дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд.
Ба иттилои "Оинаи зиндагӣ", нашрияи ҳукумати Хоруғ, Имомзода дар мулоқот таъкид намудааст, ки устодон бештар аз аввала бояд рисолати асосии хешро дар назди ҷомеаву давлат иҷро намоянд.
Вазир зарур хондааст, ки устодон шогирдонро пеш аз ҳама дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ободию созандагӣ тарбия кунанд.
"Манфиати мардум, давлат ва миллат аз ҳама болотар меистад. Муҳассилини донишгоҳ бояд ояндаи рӯшан дар пеш дошта бошанд. Зеро ҷойи донишҷӯ пеш аз ҳама китобхона, донишгоҳ ва боргоҳи маърифат аст", - зикр шудааст аз қавли вазири маориф.
Ӯ афзуд, ки омӯзгоронро лозим аст, ба донишомӯзию маънавиёти донишҷӯён таваҷҷуҳ кунанд.
Манбаъ мегӯяд, ки профессор Гулзорхон Юсуфзода, ректори ДДХ иброз доштааст, ки раёсат ва аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҳукумат буда, ба ҳамаи вазъу ҳолатҳо нигоҳ накарда, содиқ мемонанд.