Cанаи мулоқоти Путин ва Байден маълум шуд

Сарони кишварҳо ин дидорро дар қолаби маҷозӣ баргузор мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико рӯзи 7-уми декабр мулоқоти онлайнӣ баргузор мекунанд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Қаблан маълум шуда буд, ки сарони кишварҳо қасд доранд, ду мулоқот баргузор кунанд. Аввалин то охири соли 2021 онлайн баргузор мешавад ва дар соли 2022 Путин ва Байден дидор хоҳанд кард.
Мавзуъҳои музокироти руасои ҷумҳурии Русия ва Амрико авзоъ дар Аврупо ва Украина ва ҳамчунин иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда хоҳад буд.
Коршинос заминаи "даъво"-и Байден алайҳи Путинро гуфт
Ба андешаи Дмитрий Дриз, шореҳи сиёсии "Коммерсантъ", Маскав метавонад дар ҷиҳати имзои созишномаи нави бузурги амниятӣ, ки кафолати напайвастани Украина ба НАТО-ро дар бар мегирад, пофишорӣ кунад. Дар ин бора худи Путин қаблан гуфта буд.
"Вазъият ба нуқтаи гарм оварда мешавад, аммо баъд ду роҳбари ботаҷриба суханони дурустро пайдо мекунанд ва канораҳои ноҳамворро ҳамвор мекунанд", - гуфт Драйз.
Ба гуфтаи коршинос, бо вуҷуди ихтилофоти ҷиддӣ президентҳои Русия ва Амрико забони муштарак хоҳанд ёфт.
Сиёсатшинос тавзеҳ дод, ки чаро Путин ва Байден аз Тоҷикистон хоҳанд гуфт
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков қайд кард, ки конфронси дарпешистода "марҳилаи бузург" дар таърихи ҳарду кишвар хоҳад буд.
Барои нахустин бор Путин ва Байден рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар Женева гуфтугӯ карданд.
Гуфтушунид қариб сеюним соат давом кард. Ба гуфтаи котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, ин нишаст ба кор дар заминаи суботи стратегӣ ва назорати аслиҳа таъсири судманд расонд.