ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Додситонии Маскав дар шабакаи "Telegram"-и худ навореро нашр кард, ки дар он мардоне бо либоси кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ задухӯрд мекунанд.
Додситонӣ онро месанҷад.
Дар видеое, ки ин ниҳод нашр кардааст, дида мешавад, беш аз шаш нафар дар тан либоси кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ бо бел дар яке аз ҳавлиҳои маскунӣ бо ҳам меҷанганд.
"Прокуратура аз рӯи шикоятҳои сокинони ноҳияи Басманний дар бораи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаи Машков тафтишот мебарад", - омадааст дар хабар.
Маълум нест, ки кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ шаҳрвандони кадом кишваранд. Дигар ҷузъиёти ин ҳодиса низ то ҳол норӯшан аст.
Ёдрас менамоем, ки қаблан дар пайи як занозании гурӯҳии миёни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ даҳҳо нафар аз Русия ихроҷ шуда буданд.