"Қасдан сӯзонданд": сабаб ва хисороти 46 миллионии сӯхтор дар Мастчоҳ

Бо гузашти як ҳафта аз вуқуи ин ҳодиса мақомоти тафтишотӣ таҳқиқи сабаби сар задани оташсӯзӣ ва хисороти расида аз он дар анбори нигоҳдории пахтаи ширкати “Музаффар компания” дар ноҳияи Мастчоҳро ба анҷом расондаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Манобеи наздик ба таҳқиқи ҳодиса гуфтанд, ки кори гурӯҳи созмонёфтат таҳқиқи сабаби сар задани оташсӯзии анбори пахта дар ноҳияи Мастчоҳ наздик ба анҷомёбист ва қарор аст, то фардо расман ба мақомоти дахлдор ироа шавад.
Як манбаи муътамад аз Раёсати сӯхторнишонии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳафтод дарсади хулосаи комиссияи тафтишотӣ сабаби ҳодисаи сӯхтор амдӣ арзёбӣ шудааст.

"Сӯхтор тахминан соатҳои 03:00-и шаби 24 ба 25-уми ноябр рух додааст. Фарзияҳои асосӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ, оташи тамоку (сигарет) ва ҳатто оташбозии кӯдакон ҳам санҷида шудааст. Ин фарзияҳо ба воқеияти ҳодиса мувофиқат намекунанд. Хулоса шудааст, ки оташсӯзӣ қасдан сурат гирифтааст”, - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манобеъ аз ноҳияи Мастчоҳ, дар пайи ин оташсӯзӣ ҳудуди 700 тонна пахтаи тайёр ба коми оташ рафтааст.
Ба кормандони мақомоти сӯхторнишонӣ муяссар шудааст, ки беш аз 400 тонна пахтаро аз коми оташ наҷод диҳанд.
Сӯхтори азим дар анбори пахтаи “Музаффар компания” дар ноҳияи Мастчоҳ
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳаҷми хисороти расида аз сӯхтор дар анбори пахтаи ноҳияи Мастчоҳ кам ё беш аз 46 миллион сомонӣ ҳисоб мешавад.
Сӯхтор дар анбори нигоҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳ, ки мутаалиқ ба ширкати “Музаффар компания” гуфта мешавад, соати 03:00-и шаби 24 ба 25-уми ноябр сар зад.
Барои хомӯш намудани он ба ҳисоби мошинҳои обпоши ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 14 мошини дигари сӯхторнишонӣ аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол фиристода шуд ва баъди қариб 10-12 соат ин сӯхтор хомӯш карда шуд.
Паёмади сӯхтори тахтабозори "Баракат" дар Суғд - акс
Амали амдӣ хулоса шудани оташсӯзии анбори пахтаи ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки дар рӯзи 21-уми октябр ба коми оташ рафтани тахтабозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳам мақомот кори қасдан анҷомшуда эълон карда буданд.
Дар пайи ин ҳодиса низ соҳибкорон зиёни бузурги молӣ диданд. Аммо то кунун мақомот дар бораи боз кардани парванда алайҳи омилони ин ҳодиса расман чизе нагуфтаанд.