Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ карантин ҷорӣ кард: рӯйхати давлатҳо

Русия барои мусофироне, ки аз баъзе аз кишварҳо меоянд, карантини ҳатмии 14-рӯзӣ ҷорӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Русия барои ҳамаи нафароне, ки аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ меоянд, карантини дуҳафтаӣ ҷорӣ кардааст, хабар медиҳад "Роспотребнадзор".
Илова бар ин шаҳрвандоне, ки аз қаламрави кишварҳои ҳаммарз бо Африқои Ҷанубӣ вориди Русия мешаванд, 14 рӯз бояд хонашинӣ кунанд.

"Ин гуна одамон хеле каманд, тибқи маълумоти Агентии федералии сайёҳӣ ва Вазорати корҳои хориҷии мо, чандсад нафаре ҳастанд, ки дар Африқои Ҷанубӣ қарор доранд", - гуфт Анна Попова, сардори Хадамоти федералии назорат бар ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагон.

Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбир бо паҳншавии штамми "омикрон"-и коронавирус алоқаманд аст.
Бояд гуфт, Африқои Ҷанубӣ бо кишварҳое мисли Мозамбик, Ботсвана, Лесото, Намибия, Свазиленд ва Зимбабве ҳамсарҳад аст. Ба гуфтаи Попова, то ҳол дар Русия ин навъи коронавирус сабт нашудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ: Штамми "омикрон" ба 23 давлат роҳ ёфт
Гузашта аз ин, тибқи маълумоти СҶБ, ин мутатсия аллакай дар даҳҳо кишвар, аз ҷумла ИМА, Канада, Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Юнон пайдо шудааст.
Ҳоло дар фурудгоҳҳои Русия барои шаҳрвандоне, ки аз “давлатҳои хатарнок” меоянд, ташхиси короноавирус роҳандозӣ шудааст.
Зарба ба қалб: чӣ гуна коронавирус инсонро мекушад?
Африқои Ҷанубӣ ва давлатҳои ҳамсояи Африқо, инчунин Чин, Бритониёи Кабир ва баъзе аз дигар кишварҳо дар бораи вуҷуди штамми "омикрон" дар ҳудудашон иттилоъ додаанд.