ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ширкати давлатии ипотека ва "Бакай Бонк" созишномаеро ба имзо расонидаанд, ки тибқи он, қирғизистониён метавонанд аз рӯи принсипҳои исломии маблағгузорӣ ипотека гиранд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Ширкати давлатии ипотека.
Созишномаро дар чорчӯби Барномаи манзили “Хонаи ман 2021–2026” раиси ин ширкат Аида Тологонова ва муовини аввали раиси бонк Марат Юсупов имзо кардаанд.
"ШДИ ба нақша гирифтааст, ки маблағҳои сармоягузориро барои барориши маҳсулоти ипотека аз рӯи принсипҳои исломии маблағгузорӣ ба иштирокчиёни барномаи манзил тавассути Маркази исломии молияи "Бакай Бонк" пешниҳод кунад", — омадааст дар хабар.
Тибқи созишнома, Ширкати давлатии ипотека "Бакай Бонк"-ро агенти худ таъин мекунад, ки тибқи муомилоти хариду фурӯш, қарзҳои ипотекӣ медиҳад.
"Дар ояндаи наздик барои нахустин бор қирғизистониён метавонанд соҳиби ипотекаи давлатии ҷавобгӯ ба меъёрҳои шариат шаванд", - гуфтанд дар ширкат.
Қайд карда мешавад, ки ин аввалин Маркази исломии молия дар Қирғизистон ва ИДМ мебошад, ки бар асоси принсипҳои исломии маблағгузорӣ хидматҳои молиро пешкаш мекунад.