Ин мавқеъро вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт.
НАТО пайваста нерӯҳои худро наздик ба минтақаҳои стратегӣ ва аз назари амниятӣ муҳими Русия ҷойгир мекунад.
Ёдовар мешавем, гуфта мешуд, НАТО тасмим гирифтааст, ҳашт намояндаи Русия дар паймонро барои фаъолияти душманона ихроҷ кунад ва шумораи онҳоро то даҳ нафар кам намояд.
Муносибатҳои байни Русия ва ин ташкилоти низомӣ пас аз фурӯпошии ИҶШС, дар декабри соли 1991 барқарор шуданд. Русия бо Шӯрои Ҳамкории Атлантикаи Шимолӣ ҳамкориро шуруъ кард. Аз соли 1994 инҷониб Федератсияи Русия дар машқҳои муштарак бо он иштирок мекунад.
Дар бораи чӣ Лавров Ғарбро ёдоварӣ кард?
Қисмате аз суханронии ӯро дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА тамошо кунед.