Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Латукӯби Собиров, муовини мудири як мактаби Исфара аз сӯйи қирғизҳо

Камолиддин Собиров, муовини мудири мактаби деҳаи Сомониёни Исфара аз сӯйи қирғизҳо дар марз шадидан латукӯб шудааст. Ӯ ҳоло бо сару рӯйи захмӣ дар шифохонаи марказии ин шаҳр бистарист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Набихон Набиев, директори мактаби №64-и деҳаи Сомониёни Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Камолиддин Собиров ҳангоми мактабравӣ аз сӯйи як гурӯҳ қирғизҳои сокинони деҳаи Кӯктош мавриди зарбу лат қарор гирифтааст.
Бино ба гуфтаи мудири мактаб, ин ҳодиса баъд аз зуҳри якуми декабр, замоне рух додааст, ки Собиров барои ҳамроҳи худ бурдани хонандаҳо ба мактаб мерафт, вале қирғизҳо пеши роҳаш баромада, ӯро шадидан латукӯб намудаанд.

“Дар натиҷаи ҳамлаи қирғизҳо сару рӯй, гӯш ва пойҳои Камолиддин Собиров сахт захмӣ шудаанд”, - гуфт Набиев.

Камолиддин Собиров ҳоло дар шуъбаи осебшиносии шифохонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ аст.
Зимни як тамоси телефонии Sputnik Тоҷикистон Собиров ҳодисаи латукӯбаш аз сӯи қирғизҳо таъйид ва вазъи саломатияшро суҳбат кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷузъиёти латукӯби сокинони Чоркӯҳ аз сӯйи қирғизҳо
Муовини мудири мактаби №64-и деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара гуфт, тақрибан соатҳои 14, баъд аз зуҳри рӯзи гузашта барои ҳамроҳи худ бурдани хонандаҳо мактаб мерафт, аммо вақте аз миёни деҳаи наздимарзии Кӯктош мегузашт, як гурӯҳ қирғизҳои сокинони ин деҳа сари роҳаш баромада, ба ӯ дарафтоданд.

“Онҳо бадхашм буданд ва танҳо мақсадашон ин буд, ки маро латукӯбу захмӣ намоянд. Онҳо тақрибан 15 нафар буданду гурӯҳӣ маро латукӯб намуданд”, - гуфт Собиров.

Дар натиҷаи ҳамлаи қирғизҳо сару рӯй ва гӯши муовини мудири мактаб дарида ва қафаси синаву пойҳояш низ сахт захмӣ шудаанд. Ӯ ҳоло дар шифохона таҳти муроқибати табибон қарор дорад.
Ин бори аввал нест, ки сокинони наздимарзии Кӯктоши ноҳияи Ботканди Қирғизистон болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин минтақаи марзӣ ҳамла мекунанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳамлаи қирғизҳо ба хонандагони тоҷик дар Чоркӯҳ: Ду кӯдак дар беморхона бистарӣ шуд
Охирҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳам масъулони ҳукумати шаҳри Исфара дар бораи ҳодисаи захмӣ кардани хонандаҳои ин мактаб аз сӯйи қирғизҳо хабар дода буданд. Хонандаи синфҳои 10 ва 11-и мактаби №64 дар роҳ мавриди сангзании қирғизҳо қарор гирифта, захмӣ шуда буданд.
Роҳи хонандаҳои ин макбат аз ҳудуди деҳаи Кӯктоши ноҳияи Ботканд мегузарад. Бо сабаби номуайянии сарҳади давлатӣ ин маҳал борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ гардидааст.

Таърихи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷузъиёти латукӯби сокинони Чоркӯҳ аз сӯйи қирғизҳо
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин муноқиша 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.