Боздошти зане бо иттиҳоми дуздии кӯдаки думоҳа дар Душанбе

Мақомот аз дарёфти кӯдаке, ки як рӯз қабл хабари рабуда шуданаш расонаӣ шудаву наздиконаш хостори кумак гашта буданд, хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе аз боздошти ҷавонзане хабар медиҳад, ки дар одамрабоӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, 30 ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 15.00 ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабари дуздида шудани кӯдаки навзоди думоҳа дар ҳудуди дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13 (собиқ поликлиникаи №1) расидааст.
Ин ниҳод мегӯяд, бо расидани хабар гурӯҳи махсусе даст ба кор шудааст, ки соати 4.20 дақиқаи саҳар гумонбаршаванда берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир ва навзоди думоҳа сиҳату саломат дарёфт гардид.
Ин ниҳод мегӯяд, гумонбаршаванда ҷавонзани 29-сола А.Н.Р., зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад

"Ӯ зимни қарор доштан дар дохили дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе кӯдаки навзоди 2-моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул ва сипас аз набудини модари кӯдак истифода намуда, кӯдакро гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст", - aфзудааст манбаъ.

Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда, тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.