Ваъдаи Путин барои таҷдиди артиши Тоҷикистон

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистон Русия артиши Тоҷикистонро таҷдид хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар маросими қабули эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Маскав расонаӣ кард.
“Бо дарназардошти вазъи душвори кишвари ҳамсояи Афғонистон Русия ба дӯстони тоҷик дар заминаи таъмини амният, аз ҷумла тавассути барномаи таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак хоҳад кард”, - афзуд раисҷумҳури Русия.
Вай ҳамчунин гуфт, ки Русияву Тоҷикистон ҳамкории наздик доранд ва масъалаҳои доғи минтақаиро бо ҳам ҳамоҳанг мекунанд.
Гулмаҳмадзода ба Путин эътимоднома месупорад
“Соли 2022 аз барқароршавии равобити дипломатӣ бо Тоҷикистон, дӯсти хуб ва муттаҳиди боэътимоди Русия 30 сол пур мешавад. Имсол дӯстони тоҷик раисии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро бар уҳда доштанд. Кишварҳои мо дар доираи ин сохторҳо, инчунин дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкории наздик доранд ва тасмимот дар масъалаҳои доғи минтақаиро ҳамоҳанг мекунанд”.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз эътимодномаи 20 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷиро қабул кард. Миёни онҳо сафири тозатаъйини Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ буд.
Маросими супурдани эътимоднома, тибқи анъана, дар толори Александри Кохи Кремлин сурат гирифт.