ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Бо қарори Ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ Соли Нав дар Ӯзбекистон танҳо дар доираи хонавода таҷлил мешавад. Дар ин бора Вазорати тандурустии ин кишвар хабар додааст.
Манбаъ меафзояд, қарори мазкур ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус имзо шудааст. Илова бар ин ба хотири роҳ наёфтани навъи нави коронавирус, "омикрон" ба ин кишвар чунин маҳдудиятҳо аз ҷониби мақомоти марбута пиёда гардидааст.
Қаблан Ҳукумати Ӯзбекистон дар робита ба авҷи штамми нав равобити ҳавоӣ бо чанд давлатро қатъ намуд. Аз ҷумла, парвозҳо ба Африқо, Намибия, Замбабве, Мозамбик, Мадагаскар, Лесото, Эсватини, Танзания ва Ҳонгконг қатъ шуданд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар мавриди чӣ гуна таҷлил шудани ин ид ягон маълумот ироа накардаанд.
Чанде пеш бо қарори мири шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ оростани арчаи солинавӣ дар майдони марказии Исмоили Сомонӣ шуруъ шуд ва феълан корҳо дар ин хусус идома доранд.