ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, гурӯҳи корӣ иборат аз масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вилояти Суғд рафт, то сокинонро ба гирифтани ваксина бар зидди ҷалб КОВИД- 19 ҷалб намояд.
Таъкид шудааст, ки ин гурӯҳи кориро Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.
Қабл аз сафари гурӯҳи корӣ Дилноза Аҳмадзода бо муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен, Деваштич, Конибодом, Мастчоҳ, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва дигар шахсони масъул ҷаласаҳои корӣ анҷом дод.
Зимни ҷаласаи корӣ роҳбари гурӯҳи корӣ вобаста ба ҳадафи фаъолияти он маълумот пешниҳод карда, нақшаи намунавии фаъолиятро миёни роҳбарони зергурӯҳҳо ва дигар масъулин муаррифӣ намуд.
Аъзои гурӯҳи корӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ, миёни аҳли зиё ва аҳли шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Спитамену Деваштич ҷаласа баргузор карданд.
Қайд карда шудааст, ки аз натиҷаи ин мулоқотҳо нақшаи пурзӯр намудани фаъолият дар ҷиҳати ваксинагирии аҳолӣ тасдиқ гардида, давоми ҳафта аз супоришҳои он натиҷагирӣ мешаванд.
Иттилоъ дода шудааст, ки баргузории чунин иқдомот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то чоруми декабри соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.