ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Олимон муайян карданд, ки симои одамон зери таъсири гармшавии иқлим чӣ гуна тағйир меёбад, менависад "Газета".
Муаллифони тадқиқот қайд мекунанд, ки тибқи назарияи эволютсия, ҳангоми тағйир ёфтани шароити табиӣ намудҳо бояд тағйир ёбанд. Тағйирот дар "homo sapiens" (одами боақл) дар шароити гармшавии глобалӣ истисно нест.
Биолог Сара Радинг, муаллифи китоби "Гармшавии иқлим ҳайвонҳоро тағйир медиҳад" бар ин назар аст, ки тағирёбии иқлим суръати мутобиқшавии ҳайвонҳоро ба шароити нав суръат додааст.
Масалан, нӯли тӯтии австралиягӣ аз соли 1871 то ин ҷониб 10 фоиз калон шудааст. Намудҳои дигари мутобиқшавӣ мушҳои аврупоӣ ва мурғҳои ниқобпӯш мебошанд, ки дасту пойҳо ва дигар узвҳои баданашон хеле калон шудаанд.
Дар мавриди одамон бошад, бинобар гармшавӣ истеҳсоли меланин дар инсон зиёд шудааст.
Ин пигмент барои ранги пӯст, мӯй ва чашм масъул аст - он ҳар қадар зиёд бошад, пӯст ҳамон қадар тиратар мешавад ва чашму мӯйҳо ториктар мешаванд. Иқлим инчунин андозаи бадан ва майнаи сарро тағйир медиҳад.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки андозаи миёнаи бадан ва майнаи инсон пайваста тағйир меёфт - хунукӣ андозаи онҳоро зиёд мекард ва гармӣ, баръакс хурд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки бар асари гармшавии глобалии наздик бадан ва майнаи инсон боз хурдтар мешавад.
Олимони Кембриҷ мутмаинанд, ки дар шароити гарм одамон бо мушкилоти хотира, нутқ, омӯзиш ва бад шудани гардиши хун дар мағзи сар дучор хоҳанд шуд.